Ишки кур. Хачвия

Љумъа Ќуддус
ЧАШМИ ОШИЌ КЎР

Чашми ошиќ кўр будааст, мегўянд. Вагарна, Шоќули 26-солаи аз ватан фирор кардаи дар Олмон паноњ љуста ба Љессикои 75-солаи як пояш ба лаби гўр расида ошиќ намешуд. Дилашро аввал Маљйори ном њабаш-бонуи 34-сола рабуд, вале аз Аббос калон бошад њам, мисли кўдак нозу бозор мекарду чун пулаш тамом шуд, ишќи ў њам завол ёфту бањона кард, ки љавони бепулро дўст доштану бо ў издивољ кардан дар мазњаби онон гуноњи азим аст. Аслан, ба Љессикои таљрибаи гарони рўзгордида як муњофизи хуб даркор буд, аз байни шаш корљўй Аббосро дида, бекор ва њама аз ў безор буданашро фањмида мањз ўро интихоб кард. Муњофиз ба кораш содиќона хидмат мекарду ба бону-зан ањамият намедод. Вале чун њамроњаш ба идораи бонк даромаду Љессико ба ширкати мошини “Ауди” боз андак пул гузаронда сањмияашро ба 350 миллион доллар расонд, њуш аз сари муњофиз париду њис кард, ки то гўшњояш ошиќи зораш шуда аз кампир хоњиш кард, ба никоњи расмї розї шавад.
Албатта, зани доно розї  шуд, чунки ќарордод нав шуда шавњари љавон занашро бе маош муњофизат мекард. Илова бар он, Шоќули бадрашк нахост, ки дар кохи занаш мардони бегона чарх зананд. Бинобар ин, њафт хизматгорро бо розигии бонук аз кор ронда, ба љойи онњо низ худаш хизмат мерасонд ва тамоми корњои хољагиро мекард. Чун ошиќи асил тамоман бе пул, мисли он, ки дар хонаи худаш дар зодгоњаш бошад. Њисоб кард, ки бо он маоши андак њам дар он љо камаш њазор доллар фоида меовардаасту ўро бењуда њама бекорхўља мегуфтанд.
Љессико аз ихтисори њафт хизматгор маблаѓи зиёд фоида дида, ошиќи хизматиро сахт дўст дошт. Љавон шод буд, ки гули хўрокро мехўрд, ваќти гуфтугўи тиљоратї ба киштї сайру саёњат ва дар бањр оббозї мекард. Бепул, чун шавњари бой-бибї. Чї хел чунин занро дўст намедорї?
Шоќули бало пешакї шодї карда, наќшањо мекашид: ки ваќте кампирак ба сайри љањони уќбо меравад, ў ... дар тан либоси фохир, дар як киса бастаи доллар, дар дигар киса бастаи “Евро” ба зодгоњ рафта, бо чархбол рост дар њавлї фаромада њамсояњоро дар њайрат мегузорад. Баъд якбора чор зани љавон мегираду алами ишќи бонуи пирро мегирад... 
Љессикаи хушбахт аз ишќи љавонмарди асил рўз то рўз шукуфта, амалї шудани орзуњои шўяшро ёздањуним сол мавќуф гузошт ва нињоят, вазифаи худро дар рўи замин анљомёфта њисобиду ба осмон рафт. Шоќул муддати ним сол, то ба эътибор даромадани васиятномаи Љессика, интизор шуда бо пулњои охиринаш нони ќоќ хўрд. Оќибат, њуљљати имзокардаи бонуро кушод. Вай се љумлаи ќоќ дошт:
“Азизам, Шоќул, шодам, ки рўзњои охири умрамро бо ту хуш гузарондам. Шод бош, ки њама дороиямро ба нињоди хайрия ятимон, созмони занњои бесарпаноњ гузаронда туро аз ташвишњои гарони менељерї, давуѓељ дар маќомоти гуногун халос кардам. Ту марди хоксор, камталаб, барои як бурида нон ягон корак пайдо мекунї. Метавонї ба дугонаи замони кўдакиам Анљела коргар шавї. Вай нав ба њаштоду панљ даромадааст, ба ту барин коргари хуб эњтиёљ дорад”...
Аббос аз њуш рафт.
Њоло аз суруди “Чашми ошиќ кўр будаст ин ќадар” ќимоб шудааст.


Рецензии