Чумъа Куддус. Ачаб одамон. Новелла
Барфи дурўза об шуд, вале њаво сард буд. Дар маршруткаи пуродам зане нисфи тирезаро кушод. Шамоли сард бошаст даромада, сару гарданро мисли алмос лесидан гирифт, вале зани сатрпўш сарморо эњсос намекард. Касе нагуфт, ки тирезаро пўшад.
Телефонаш садо баровард. Зане бе салом шиква оѓоз кард:
- Зинда њастед? Як сол зиёд шуд, як бор хабар нагирифт шўят.
Зан ором, бо њамон карахтї посух дод:
- Њама њозир њамин хел. Падараш гуфт – ку: «Зиндагии худата бин, ман розї».
- Падараш як моњ боз касал. Месулфад. Мурад, баъд меояд? Њозир чї кор мекунад?
- Мошин мехарад, як моњ пас фурўхта наваша мегирад. Маошаша надидам. Пурсам, дар бало мемонам. Иљорапулии хона дар гардани ман.
- Чї хел иљора?! Хонатона чї кор кардед?
- Фурўхта ќарзаша дод.
- Чї хел ќарз?
- Намедонам. Гуфт, ки пула надињад, турмааш мекунанд.
- Боз њамон г.њхуриша давом додааст?
- Худатон медонед…
- Туро келин кардем, ки вая ба роњ дарорї.
- Аз дастам њамин ќадар омад…
- Ту чї кор мекунї?
- Фаррошї. Дигар аз дастам чї кор меояд? Аз курси дуюм хондан намондед.
- Ба як фаррошї хонапулї, њам ошу нон меёбї?
- Ризќи бандаша худо медињад.
- Ризќи писарама чаро намедињад?
- Эњ, чї гўям? Худатон наѓз медонед…
- Гуй, Россия равад.
- Худам намемонам. Њуљљатњоша руст кардам. Бо њамон љўрааш њамроњ мешавад. Мактаби бачањо тамом шавад, худам меравам... Кудакњоро пеши холаам мемонам...
- Кенљая њамроњат мебарї?
- ... Нест вай... Мурд...
- Чї-ї!?
- Писарам мурд. Солаша ду моњ пеш додем. Писаратон нагуфт?
- Ба худо, ки не... Чї шуд?
- Бемор шуд. Се рўз тасф карду... Уф...
- Духтур-пухтур набурдед?
- Бурдем. Љарроњї лозим буд. То рафта ќарз ёфта омадам, ки дер шуд...
- Вай паданаълата њамроњат Рассия бар.
- Не. Ёфтагии мана ба њамон кораш сарф мекунад. Ўро назди шумо мефиристам, то омаданам истад. Ягон се солак... пули хонаякор кунам...
- Не, не...
Зан ба љойи даркориаш расиду њамон хел сарду карахт фуромад. Мусофирон бо дилсўзї ба ў роњ кушоданд. Зане бетоќат шуда оњиста гуфт:
- Ин бечорая мешиносам. Худо аз санг сохтааст. Хайрият, ки бероња нашуд, девона нашуд, ба хотири ду фарзандаш худкушї накард...
Њама афсўс хўрданд: аљоиб одамоне.
Љумъа Ќуддус
Свидетельство о публикации №226030601283