Каллоб ва чабрдидахои нопок хачвия
Бўстони А. орзу дошт, ки бо ду дасти адаб муфтакак ба ў пули мўл дињанд ва боз рањмат гўянд. Љавони ќоматбаланду неруманде шуд. Тавќу костюми сиёњ дар тан, љузъдон дар даст, ба идорањои давлатї сар халонда, љойи кори «серлой» љуст. Њачанд рад карданд, зиќ нашуда «77 коргоњи дигар њаст» гуфта, бо табасссум ба кўча баромад ва нохост бахташ тофт.
Як марди назди мошини «Опел» истода ўро ёвари раис гумон карда, бастае ба дасташ ќаппонду илтиљо кард:
- Додар, як бор мадад кунед, мо сад хизмати шуморо иљро мекунем.
- Чї мадад? Мошинатонро тела дињам, ки мотораш фаъол шавад?
- Писарам Тўќсанбойро фаќат шумо аз аскарї озод карда метвонед.
- Ин кори осон не… - Бўстон шарњ додан хост, ки ин уњдадории њар љавон аст. – аммо оњанги љозибаноки суханрониаш мардро бештар мафтун сохт.
- Шуморо одами корбудкун гуфтанд, гапатон ба раис мегузарад. Ин мошинчаи сурх, 14 њазор нарх дорад, туњфа бар шумо… Хапи ману хапи шумо.
Кадом девона аз чунин туњфа даст мекашад? Ба орзуяш расид. Њамон бегоњ аз ќазо Тўќсанбойро, шояд бо сабаби паст будани ќадаш, аз хизмат озод карданд.
Ин кор овоза шуду буљули Бўстон хар хест. Ба корафтодањо худро корманди масъули давлат муаррифї карда, корро кашол дода, пулро барнамегардонд. касони сода мушкилоти бисёр доштаанд. Барои озод кардани ду писар аз хизмати њарбї бо ду дасти адаб 20 њазорї доданд. Бўстон мисли ќањрамони филмњои амрикої доираи амалро васеъ кард, ба яке замин медоду ба дуюмї вазифаи «серлой».
Дар ављи савдояш як зани миёнсол бо шиква аз як тољире омад. Бўстон назди тољир рафта, «ман аз боло» гуфту ў долларњои ќарзгирифтаашро ба зан баргардонд. Бастаи долларро дида, љавони 28-сола ба зани аз худаш чанд сол калони шавњардор ошиќ вонамд карда, бар ивази хизмат муњаббат хост.
Зан аз шўяш шиква дошт, ба шарте розї шуд, ки муњаббаташ доимї бошад. Аммо ишќи Бўстон ба њамёни зан буд, пас аз муддате хоњиш кард, ки њазор доллар ќарз дињад. Зани шавњардор хоњиши ошиќашро иљро кард. Пас аз чанде ў боз 600 доллар талаб кард. Зан каме њушёр шуда дид, ки ошиќаш бо ягон кори љиддї машѓул нест. Гуфт, ки дигар пул надорад. Ошиќ бошад, рањи нољавонмардї пеш гирифт, тањдид кард, ки дар ин сурат хиёнати туро ба шавњару аъзои оилаат мегўяму шармандаву хонавайронат мекунам.
Зоњиран, зан аз касе парво надошт, вале барояш пул басо азиз буд. Маљбур шуд аз болои ошиќаш ба маќомоти дахлдор арз намояд. Њангоми 600 доллар зан кормандони шуъбаи ВКД дар ноњияи Љаббор Расулов ошиќи пулдўстро дастгир карданд.
Дар љараёни тањќиќ муайян шуд, ки гумонбаршуда Бўстони А. худро корманди маќомоти давлатї муаррифї карда, бо ваъдаи миёнаравї камаш аз 7 нафар пул ситонда, барои ин корњо 2 бор њабс шудааст. Вале аз ин сабаќ нагирифт. Ин дафъа бо моддаи тамаъљўї ва ќаллобї гумонбаршударо љазои вазнин интизор аст.
Пањлуи дигари ин ќазия њам боиси нигаронист: баъзе касон барои ѓаризаи аслан нопок розиянд ба њар каси њољатбарор пул дињанд. Магар ин љ иноят нест? Ё он зане, ки шавњар дораду барои эњсоси муваќќатї шарафи худро доѓдор кард ва пули бо зањмат љамъкардаашро барбод дод, аз лињози ахлоќї гунањгор нест?
Зулайхо мурд дар њасрат, ки Юсуф гашт зиндонї,
Чаро оќил кунад коре, ки бор орад пушаймонї?
Ин њама аз содагии мардум аст, ё айёрии ќалобон? Мањз чунин ѓаризахоњ бозори ќаллобонро гарм намекунанд?
Свидетельство о публикации №226030900615