Чумъа Куддус. Шикасти иффати шарки
мухтасари ќисса
Сабри зани шарќї беохир аст, ба њама мањрумият, ба њама зарбаи таќдир тоб меорад, вале гоњо як сухан барояш гарон меафтад ва боиси шўру исён мегардад…
- Илтимос… Як хоњараки маро хушбахт кунед. – Ба олим Назифї дар суњбати телефонї шиноси деринааш Шифо хоњиши аљибе кард. – Як амали тиббї… Вай дањ сол боз оиладор, аммо бе фарзанд. Шўяш мехоњад зани дигар гирад, вале на модар, на занаш розї нестанд. Як моњ духтур ба духтур гаштему табобат кардем. Як духтур гуфт, ки гурўњи хуни зану шавњар як, онњо хешанд. Сабаби бефарзандї њамин. Аз марде, ки гуруњи хунаш дигар бошад, фарзанд мешавад. Гуруњи хуни шумо дигар.
- Нафањмидам, чаро ман?
- Шиноси хуби ман шумо: дунёдида, сер, сухани гарм доред, муљаррад, ягон кас хафа намешавад. Шабнам 30-сола, вале мисли 18-сола, вале шумо одами љиддї, сабур њастед, оилаша вайрон намекунед.
- Вале охир ман 55-сола… Ба ширкати «Насл» равед, бењтар нест?
- Рафтем. Њаќќи ширкат хеле гарон, вале натиљааш номаълум. Баъд, кї медонад, ки вай аз тухмаи кї? Майзада аст, ёѓї аст? Писари шумо мисли шумо хуб мешавад.
- Бо гуруњи хуни ман таваллуд шавад, ба шавњараш чї мегўед?
- Мегўем, ки ин мањсули ширкати «Насл» аст. Ноумед накунед. Як кори савоб…
Ду бонуи зебо назди Назиф омаданду хона нур гирифт. Сари Шабнам аз њаё хам буд. Барои аз вазъияти ноќулай баровардани ў Назиф бо мењр гуфт:
- Мо њама фарзандони бани Одам, њама хешу табор. Худованд инсонро чунон офарид, ки аз њамдигар бањра мебардорад, шод мекунад, насли нав меофарад. Дар назди Худо ва ин бандагонаш ќасам, ки барои хушбахтии ин бонуи зебо њарчї аз дастам ояд, иљро мекунам, фарзандашро умре дорам, дастгирї мекунам. Гуфтї, ки ошиќ нашавам. Вале касе ба Шабнам дил надод, ё одам нест, ё аз ин олам нест.
- Барои њамин суханњои нек шуморо гуфтем, - оњи сабук кашид Шифо.
Шабнам бори аввал ба чењраи Назиф назар карду бо њаё гуфт:
- Ба хотири фарзанд… Сурати шуморо дар газета дидам. Кош писарам мисли шумо шавад.
- Љасорати зан барои фарзанд сутуданист. Ин иќдом ба шањри ормонии орзуњо…
Суханњои нарми самимонаи олим ба дили љавонзани чун оњуи рамида дар тарсу талвоса оромї бахшид. Ин шеваи гуфтори гарму самимї барои Шабнам нав, аљибу гуворо буд, гўё ба олами дигар афтод, аз худу аз љањон бехабар шуд, танњо кўдаки ширине дар пеш дид, ки бо шодмонї ба истиќболи ў почак мезанад...
Пас аз њафтае натиљаи «амали тиббї» маълум мегашт. Аммо дањ рўз гузашту хабаре наомад. Ба дўсташ Шифо занг заду ањвол пурсид.
- Натавонистед, - даѓалона гуфт ў. - Шабнам дигар намеояд. Духтур гуфт, ки «домод» пир аст, ба вай марди љавон даркор. Шумо шогирдњо доред. Якта љавонаша ёфта дињед, кори вай бечора буд шавад. Ваќт кам монд…
Аз оњанги гуфтори зан Назифї ранљид, ки гўё љинояте кардааст. Хомўш монд. Ва нохост занги дари хона баланд шуд. Шабнам бо њаёву сари хам, дили пурумед омад. Телефон надошт, бехабар омад. Амонатак ба курсї нишаст.
- Хуш омадї. Духтари холаат гуфт, ки дигар намеої, - тааљљуб кард Назиф…
- Ман ўро дигар надидаам. Фаќат бо телефон гуфтам, ки … гўдак нашуд.
- Ташаккур барои омаданат.
- Чї кор кунем? – навмедона пурсид зан.
Назиф дарк намуд, ки Шабнам ба ў чун дўсти наздик эњтиром ва умед дорад.
- Духтари холаат гуфт, ки бароят як марди љавон пайдо кунам.
- Инро духтур талаб кард, - бо сари хам тасдиќ кард бону.
- Ин корро ташкил кунем? - Шабнам китф дарњам кашид. Назиф инро аломати ризо шуморид. - Як шогирд дорам. Гуфта будам. Занг мезанам, њозир меояд.
Њарчанд Назиф ваъда дода буд, ки дил намебандад, бо хотири озурда назди телефон рафт. Шабнам аз курсї љаста худро пеши ў партофт ва пояшро оѓўш кард.
- Не, не. Ѓайри шумо њељ кас даркор не! Шояд… ин дафъа мешавад.
Дар чашмони мард об њалќа зад. Духтаракро рўи даст бардошт.
- Чї тавр баъди ин ба ту дил надодан мумкин? Ман аслан намехоњам, ки њатто пашшае ба мўят шинад…
Муносибатњо гарм шуданд. Назиф ба дўсти ширини ногањониаш софдилона маслињатњо дода аз њоли шавњараш пурсид ва аз посухи Шабнам ба њайрат омад.
- Љавони хуб, мењнаткаш… Фаќат аз гапњояш дилзанак шудаам.
- Чї гапњои баде ба як бонуи зебо гуфта метавонад?
- Очааш њамеша насињат мекунанд, ки ин насибу таќдир аст, келина хафа накун. Ба онњо хуб мегўяд. Танњо, ки мондем, сар мекунад: «Оѓўши зани безуриёт сард, чашми зани бе кўдак бе нур». Бо хоњиши хушдоманам ба худам либоси зебо дўзонам, вале ў гуфт: «Дар тани зани безурёт ин либоси нав кафани гулгун аст»…
Назиф ўро ситоиш кард, ки ором шавад. Гуфт, ки дар њусну љамол одобу гуфтор беназирї. Ба Шабнам њамин сухани нек намерасид. Худро боз инсони комил эњсос намуд. Ба њам одат карданд. Аммо… чанд моњ гузашту њадаф њосил нашуд.
Шабнам ноумед гашт. Гуфт, ки шавњараш зидди шањрравии ў шуд. Болои ин, падар дилбемор шуд ва бояд барои нигоњубини ў ба хонаи падар равад. Дигар аз назди бемор дур шудан мумкин набуд.
Назиф њаќ надошт, ба корњои оилавии зан дахолат кунад. Вале гапи њаќро гуфт:
- Њаёти оилавии ту дигар мисли пештара намешавад. Ба зангирии шавњарат зид нашав. Ман бароят пирам, ягон љавони хубро интихоб бикуну оилаи нав соз. Ту арзандаи зиндагии хушбахтона њастї...
Шабнам мењрубонона бо дастонаш дањони ўро баст.
- Шумо дўсти беѓараз, аз шумо ин суханро шунидан намехоњам... Ман киро интихоб кунам, ки мисли шумо бошад? Биёед, каме сабр кунем…
Зан пойбанди никоњи шавњар буд, Назиф дўсти беѓараз ва ба хотири осудагии зан, сабрро пеша карданд. Шабнам наметавонист аз шўяш оромона људо шавад: хешии модару холааш ба душманї табдил меёфт. Назиф хост бо падараш суњбат кунад… Аммо падар дилбемор, боз ба зани шавњардор хостгорї кардан дуруст нест. Ошкор гаштани кори нињонии онњо Шабнамро беобрў мекард.
Дар ин байн хоњари Назиф барои ў як дугонаашро хостгорї карда, хост зудтар тўй кунанд. Назиф онро ба таъхир андохт, ки Шабнам наранљад…
Шабнам љуръат пайдо намуда, аз шавњараш ба падар шикоят кард. Домод аз безурётии занаш нолид. Модараш хоњиш кард, ки бо ин бањона оиларо вайрон накунанд. Домод на нек гуфт, на талоќ дод, ба муњољирати Русия рафт.
Волидон барои табобат ва дармонгоњи махсус ба шањри Хуљанд рафтанду бо розигии ќудо, Шабнамро барои парастории худ бурданд. Умед доштанд, ки ў дар муњити дигар ором мешавад. Барояш онљо кор њам ёфта доданд.
Шабнам гоњ-гоњ бо телефони янгааш бо Шифо сўњбат мекард. Ва њар дафъа аз њоли Назиф мепурсид. Мегуфт, ки ваќте бармегардад, муносибати онњо ба куллї таѓйир меёбад. Назиф њам бо Шифо пайѓом фиристода, ба ў умед мебахшид.
Аммо бозгашти Шабнам ба таъхир афтод. Ба духтархолааш Шифо нохост пўкида монд ки Ќузрат ном як љавонмард, мудири шуъбаи коргоњ ба ў ошиќ шуда, ваъда додааст, ки соњиби фарзанд мекунад. Ў баробари Назиф мењрубону сухандон нест, аммо њар рўз дар бараш, баумед мекард, ки хушбахт месозад. Шабнами њамеша дар фикри фарзанд, аз Назиф ёд мекард, аммо њоло суханњои пизишк дар дилу тамоми вуљудаш акси садо медод: «Танњо марди љавон туро сохиби фарзанд мекунад. Бояд љавон бошад»…
Назиф њам аз ин хабар ноумед шуд. Нахост, ки Шабнам аз барои ў нигарон бошад. Шояд он Ќузрат бо ќудрати илоњї… Ва худаш издивољ кард бо љавонзане, ки чанде пеш дар коргоње шинос гашта буд.
Ана ин хабар Шабнамро «кушт». Барояш дари умед баста шуд. Махсусан, ваќте фањмид, ки зани нави Назиф аз ў њамагї се сол калон аст. Рашк кард, ки акнун суханњои нарму гуворои дўсташро дигар зан мешунавад… Ба у хиёнат карданд. Ў ба њељ кас даркор нест. Пас, аз амин Ќузрат намонад. Ба хотири фарзанд ёфтан…
Ду моњ гузашт, вале боз бе натиља. Болои ин, зане омаду талаб кард, ки аз Ќузрат даст кашад. Хоњари ў будааст. Гуфт, ки ба умеди хонаи акааш нашавад. Вай соњиб дорад. Шабнам муносибатро бо Ќузрат канд, чунки танњо ба хотири фарзанд буд, на хонааш ба ёдаш зад, на сарваташ. Ќузрат њам чап гирифт, бе диплом будани ўро таъна зада, маљбур кард, ки занаш шавад, ё аз кор равад. Назиф њељ ваќт чунин рафторро ба худ раво намедид.Шабнам зуд барои аз кор рафтан ариза навишт.
Шабнам ба холадухтараш бо телефон дар тамос шуда, њасрат кард:
- Ман дар чї хаёлу фалак дар чї хаёл? Агар як кўдак мешуд, ба ман њеч кас даркор набуд на Ќузрат, на каси дигар. Ба олим гўй, ки дўстиро давом медињем. Танњо ў маро мефањмад, танњо бо ў ман худамро инсони комил эњсос мекунам…
Зиндагї филмсози нотакрор аст. Шабнам ба зодгоњ баргашту хост бо Назиф љиддї гуфтугў кунад. Аммо дар хонаи падар рањи ўро хушдоманаш мепоид, иљозат пурсида, келинашро ба хонааш бурд. Падар нахост робитаи хешутабории онњо ќатъ шавад. Шабнам натавонист падари беморашро ташвиш дињад.
Назиф њам натавонист Шабнамро фаромўш кунад. Зани нав љои ўро нагирифт. Дилаш аз ёди Шабнам гум мезад. Як дидор метавонист њамаро дигар кунад. Аммо шавњари Шабнам аз Русия баргашта омаду умеди умедворонро барњам зад.
Либосаш дигар шуда, аммо суханаш бетаѓйир монда буд:
- Ман барои зангирї пул љамъ мекунам. Ту хизматгори очам мемонї. - Дили Шабнам фишор хўрд. - Агар ту безурёт намебудї, то ваќти дар Россия буданам якта мезоидї.
- Ин ишора ба чист? - Дар бораи ман ягон гапи бад шунидї?
- Э, ту ба кї даркор? Ба њељ кас! Фаќат ман бояд азоби туро кашам.
Хун ба сари Шабнам зад. Хост њаќиќатро гўяд, мењрубонї ва одамияти Назифро гўяд, аз зорињои Ќузрат гўяд... Аммо, ба чашмони холии шавњар назар карду хомўш монд. Фањмид, ки сухан ба ў бефоида аст.
- Хуб. Ман розиям, ки зани дигар гиред, - гуфт нињоят зан.
- Розигии ту даркор не. Масъала њаллу валл аст.
- Хайр, шуморо ташвиш намедињам. – Шабнам баромаданї шуд.
- Куљо? Биё. Боз дар балои очааму очаат мемонам...
Дили Шабнам сўзиш кард. Давое нўшиду либоси нав пўшид. Аммо…
- Либоси нав дар тани зани безурёт - кафани гулгун! – гуфт шавњараш.
- Уф... Барои гуфтани њамин љеѓ задї?
- Гапи зани бефарзанд хунук, оѓўшаш яхистон, чашмонаш бе нур.
- Аз суханњои хунуки ту нимаљон шудам.
- Ба сухани гарм сазовор шуданат даркор, зойиданат даркор.
- Шояд шумо гунањгор бошед?
- Чї-чї? Дар дањани куњна гапи нав? Аз куљо? - Муште зад ба рўйи зан. - Кї ёд дод? Ягон бало дорї? Гап тамом! Инља биё.
Аз бинии Шабнам хун рехт. Љањон дар пеши чашмонаш торик шуд.
- Рафта хуни биниамро шўям...
Шабнам рафт. Барнагашт. Шавњараш фикр кард, ки ќањру ноз дорад. Ногањон модараш ба хона даромаду бо изтироб гуфт:
- Хез, дари оѓила кушо. Шабнам чї номаъќулие карданї.
- Кошки мураду љонам халос шавад.
Шабнам кўшид, ки худро овезад, аммо фурсат ёфта, бандро бурида, ўро ба бемористон бурданд. Ташхис вазнин буд: сактаи дил, харобшавии асаб.
Бо исрори падар ва ваъдаи ба милитсия арз накардан, домод талоќи ўро дод.
Шабнам муддати тўлонї муолиља кард, хаста шуд аз дунё, аз њама, пинњон гашт, нахост касеро бинад. Назиф бо дасти Шифо дорупулї фиристод. Шабнам ашк рехт.
- Бигўяш, ки аз писар таваллуд кардани зани наваш шодам. Вале вай бояд писари ман мешуд. Афсўс, писари ўро навозиш мекунад, суханњои зебояшро на ба ман, балки ба зани дигар мегўяд...
Чанд маротиба хостгорон омаданд, аммо Шабнам аз издивољи "кўр-кўрона" даст кашид. Ихтиёрро ба худаш гузоштанд. Шабнам акнун медонист, ки дар гулшани муњаббат аз ягон нозанин кам нест, њаќќи интихоб дорад. Касеро маъќул накард. Ба Шифо аз даѓалии довталабон арзи дил намуд:
- Фаќат аз вазифањои келин мегўянд, вале як њарфи муњаббат нест…
- Дон, ки инњо бо Назиф, њатто бо Ќузрат баробар нестанд. Онњо босавод, оламу одамдида, - гуфт Шифо. - Вале ту, моргазида чанд каса «санљидї»?
- Ангуштони њарду дастат намерасад…
- Девона шудї? Иффату одоби шарќии мо куљо шуд? Ту охир, ба рўйи марди бегона нигоњ карда наметавонистї.
- Он ќоидањоро барои ман сохтаанд, ки умре хору зор бошам. Ваќте худро ба дор кашидам, кї аз одоби ман миннатдор шуд? Иффати ман ба кї лозим шуд?
- Хайр, бигў, девона, аз ин озодї хеле хушбахт шудї?
- Девона туї. Ман бо онњо дастакї њам салом накардаам. Дар назди мардум шинос шудану як-ду сухан гуфтан хилофи одобу иффат нест. Онњоро аз ним сухан, аз як нигоњи сардашон мефањмам. Назифї гуфт, ки бахти ман дар куљое пинњон аст. Ман худам бояд ўро љустуљў кунам... Ваќте пайдо кардам, зани порсову покдоман, боиффату хушодоб хоњам шуд...
Котибулњуруф Љ.Ќуддус.
Свидетельство о публикации №226063000136