Насибаи зан 5. Курбонии такрори тахрири нав

Насибаи зан 5. ;урбонии такрор;. (Виктимблэйминг)

Дари манзиле дар бинои нави бисёрошёна. Зебо гуё бо гардани баста назди он омад. Оњ кашид, ба дар кўфтан љуръат накард. Бо изтироб ба худ гуфт: «Ман медонам, чаро инљоям. Чї сарсахтам? Дар љавонї фиреб хўрдам. Имрўз худам ба хонаи фиреб омадам».
Рўзгори пешина ба ёдаш омад…

Дар са;ни ;авлии омўзишгоњи омўзгории музофотї, Зебои 17–сола – донишљўи соли аввал бо Салими 26–сола дар костюми домодї.
– Кастум зебидааст, – гуфт бо тааљљуб духтар.
– Либоси домодї, – гуфт бо ѓурур ва асрорангез Салим.
– Вий…  Ман чаро бехабар?
– Аз хона маљбур карданд. Арўс – љиянашон.
Зебо гўё муште ба дил хўрд, вале зоњиран оромиро вайрон накард.
– Ммм Хххайр, муборак шавад…
– Лекин бо ту ишќи пинњониро давом медињем. 
– Чаро? Ба ту бахти сафед. Ман њам шўй мекунам.
– Ту наметавонї… Худата шарманда мекунї. Чунки ту зани ман шудї.
– Чї хел зан? Мо њамту мисли акаву хоњар будем… Хайр, гуфтї «дўстат медорам». Хайр, мегуфтї бародарвор оѓўш мекунам, бўса њам… мисли ака.
– Ёд дорї, ду моњ пеш... ту бемор шудї, ман дору додам, укол кардам. Баъд… Ту нафањмидї... 
– Худоё... Табам баланд буд… Ту доруи хоб додї…
– Ман туро зан карданї будам. Вале модарам…
– Медонистї, ки модарат маро келин намекунад. Мани ятимро фикр накардї? И–ииињ...
– Кори шудагї шуд. Ту маъшуќаи ман мемонї. 
– Не–е!! 
– «Не» бошад, ба њама мегўям, туро «маъшуќаи Салим» гуфта, ягон кас намегирад.
Зебо ашк дар чашм, гирењ дар дил рафт, бо њар ќадам нерўяш кам шуд, суханњои Салим дар гўшаш чун раъду барќ такрор шуд: «Туро маъшуќаи Салим мегўянд… маъшуќаи Салим! Маъшуќаи Салим!
Вуљуди Зебо гўё дуд карду оташ гирифт. Ашк рехт. Ба худ гуфт: «Чї хел ба рўйи холаам нигоњ кунам? Маро шарманда кард! Аз ин таќдир фирор мекунам. Меравам ба шањр. Олияи дугонаам ёрї медињад.

***
Як ошхонаи хурде, ки бештар шаробу пиво медињанд. Бо чанд љавону духтар Зебо дар хизмати миљозон. Ў зани шиносаш Олияро наёфт. Дар бозор занњои савдогар ба њамин љо оварданд. Зоњиран, дарду ѓамашро фаромўш кардааст. Табассум мекунад. Ба миљозон њам духтари хурдакаки шириншамоил маъќул. Бо супориши роњбарашон Мањмуд ном љавон, корманди ошхона, њамеша дар бари ў меистод. Ваќте муштарии масте табассуми чуќур карда, ба Зебо нигариста шах мешавад, он љавон пеши духтарро мегирад, ё пивою таъоми фармударо худаш ба мизи он муштарї мебурд.
Мањмуд мекўшид Зебо танњо намонад. Чанд бор дид, ки Зебои шўхи зоњиран бедард дар танњої ба хаёл фурў рафта, гоњо ашк мерезад. «Ку як дили шод дар ин љањон?» – гуфт ў ба худ. 
Рўзе ду мошини тўйбар омада, омадани мошинхои дигарро интизор шуданд ва шомпону кабоб фармуданд. Баъди њама љамъ шудан тањти навои карнаю доира ба тўйхонаи машњури «Яккасарой» рафтанд. Зебо, ки дар хизмати ин гуруњ буд, ноилољ њамроњашон рафт. Шукуху шањомати тарабхона, мењрубонї, болобардорї ва љоњу љалоли арўсу домодро дида, њавасаш рафт… Ваќте ба рестобари худ баргашт, ба хозирон аз эњсосаш гуфт ва орзу кард, ки тўяш дар хамон «Яккасарой» барпо шавад.
Аммо сарпешхизмат Шоњида – зани серу пур, ки аз њоли ў хабар дошт, таъна зад:   
– Ту, «чапушак», орзуи «Яккасарой» дорї? Э, гуум шав–е. Њоле, ки ту дорї, саг надорад. Ту иффатро бохтї – њама чиро бохтї… Айби кї– айби худат. Рањмат гўй, ки тўйи туро дар ягон оѓил барпо кунанд.
Њама хандиданд, Зебо њам ба онњо њамроњ шуд. Аммо баъд… то сањар гиря кард. Ќоим гашт, ки Шоњида рост гуфт: ин фаќат орзу аст. Як додаш сад дод шуд. Чаро хато кард? Чаро…
Ќариб њар рўз баъди пешин, ваќте миљозон кам мешаванд, њатман як–ду љавон ба Зебо арзи ишќ  мекард. Зебо рад намуда мегуфт, ки њоло кўдак аст. Ба љавоне, ки аз мошину ќасри падар гап сар намуд, бо бањонаи омадани муштарие, гапи ўро бурида рафт. Ваќте арзи як љавони ќоматбаланд хомўш монд. Љавон гумон кард, ки духтар розист ва модарашро овард.
Зебо ќаламу коѓаз назди модар омад. Ў чунин супориш дод: 
– Ба љойи кабоб навис: Як духтараки майдањаки навдида, номаш Зебо–љон, барои келин шудан.
– Зебо њоло кўдак аст, дадаш љанг мекунад… – Дарвоќеъ, 14–сола њам мегуфт, касе шубња намекард.
– Охир, писарам гуфт, ки розї њастї, – њайрон шуд зан.
– Ман ягон њарфи ўро намефањмам. 
Љавон хунвайрон шуда, рафт. Аз модараш гап шунид.
Љавони дигар коргоњи модарашро ситоиш кард ва назди духтар овард. Зебо гуфт:
– Аљаб коре. Ба мани шавњардор хостгор чї даркор?
– Охир гуфтї, ки розї, модарамро биёрам…
– Ња. Шўям дар Россия. Њафтаи дигар меояд. Ба ў як кори наѓз ёфта дињед…
Модар писарашро соддаи бефањм гуфта рафт. Љавон хост духтар шаппотие занад. Вале дасташ дар њаво дармонд. Мањмуд онро дошт. Майда–майда, ба ў њам духтар маъќул шуд. Пурсид, ки нахоњї, чаро мегўї модарашро биёрад?
– Ќасос мегирам. Маълум, ки очааш мани камбаѓала бинад, келин намекунанд.
– Яъне, ту умуман, шавњар кардан намехоњї.
– Агар чени дилама ёвам…
– «Чени дили ту» – чї хел аст?
– На камбаѓал, на бой, як чордевор дошта бошад, хоксор бошад, аз паси њар бева надавад. Ќадаш… – Ў сифатњои Мањмудро гуфт. 
– Ту маро дар назар дорї, – пурсид Мањмуд. – Аз ман њам ќасос мегирї?
– Э, не–е. Лекин ту ба ман маъќул…
– Хуб, «хоњар». Медонї, шўят дар барат бошад, њељ кас ба ту чаќа намешавад. Вале як бор ба ин ботлоќ пой монї, халос шуда наметавонї, њайф мешавї.   
Зебо софдилона аз фиреби акахондаш њикоят кард. Мањмуд зиќ шуд, дилаш аз ў монд. Вале дид, ки якчанд кас пулу ваъдањо доданд, аммо ў рад кард.
Дар байн Ањад ном марди 32–сола аз занаш људо шуда ба Маскав рафтанї шуд. Ба Зебо пешнињод кард, ки њамроњ раванд. Духтар дар фикр зад, ба Ањад бовар надошт, вале он љо метавонад кори серпул пайдо кунад. Боз шубња мекард, ба хушбахтии осон бовар надошт.
Мањмуд њис кард, ки бинои бахти хаёлиаш њоло фурў меравад, бахт аз дасташ меравад. Нохост Салим пайдо шуду ба дилаш ѓусса даромад.
Зебо ба холааш дар бораи чойи кораш гуфта буд. Салим дар дења худро мусичаи бегуноњ гирифта, аз холааш пурсида омад. Ба Зебо гуфт, ки бо занаш рўзаш сиёњ аст. Хост достони ишќро давом дињанд…
Аммо Зебо на танњо ба гапаш гўш надод, балки Мањмудро чун шавњаршавандааш шинос кард. Дами Салим ба дарун зад.
Мањмуд бењад шод гашт, Зебо дўсти дилољонї эњсос карда, пешнињоди издивољ намуд ва бо модараш Зарина шинос кард.
– Ман туро келин мекунам, – гуфт ў. – Њамаро фаромўш карда, зиндагии поку њалол сар мекунї. Ва як маслињат: тўйи калон намекунем. Дар њамин хона чор касї аз ду тараф ба зиёфат мешинему ба шумо дуо медињему никоњ мекунем.

Зебо шод гашт, ки Худо ба ў дари ра;маташро кушод ва ин модар на;отбахши ў шуд.
Хушдоманаш аз њуќуќи ў чун ятими кулл сухан сар кард.
– Охир, њукумат доим ятимонро дастгирї мекунад.
– Аммо волидонам зиндаву барњаёт буданд, факат падарам бо зани дигар буд, модарам бо шавњари дигар. Њуљљатњое лозим буданд, ки њуќуќи мани зиндаятимро њимоя кунанд. Аммо ягона њомии ман, холаам, имкону тавон надошт, ки дар ба дари идорањо давида, коѓаз љамъ кунад.
Аслан, холааш зани боимон буд, шарм медошт, ки барои луќмаи дањони љиянаш ба маќомоти гуногун мурољиат кунад. Зебои кўдак чизеро намефањмид, холаашро модар мегуфт, аз як бурида нон, аз як сухани хуши хола як љањон шодї мекардам, бо хандаву садои хуши худ фазои њавлию кўчаро пур мекард. Азбаски чењрааш ба духтари холааш Нигора монанд буд, њамсояњо ўро духтари дуюми ў мењисобиданд…

Баъди як сол соњиби писар шуданд. Кўдакро бо усули љарроњї гирифтанд. Азиз ном доданд, ба хама азиз буд, чун як себи дукафон нусхаи бибиаш буд. Зарина ба Зебо чандон бовар надошт, дар дил шубња дошт, ки духтари дар наврасї домандарида тавонад ба шавар пок монад, вале аз ин пас эътимодаш ба келин афзуд.
– Аз хуни худам, – мегуфт бо ифтихор.

Аммо… Азиз чун њама кўдаки навзод, бисёр гиря мекард. Барои доруву дармон пул даркор шуд. Зебо бо ни гоњубини кўдак овора, њоло кор намекард. Маоши Мањмуд ба худаш базўр мерасид. Гиряњои њаршабаи кўдак ба дилаш зад. Талаби њаррўзаи «пул–дору–нон–дору» формулаи бадбахтии ў шуд. Ва ў тасаллоро дар ара; ёфт, то аз во;еияти талх фирор кунад…
Модар аз кор баргашту шишаро аз дасти писар кашида гирифт.
– Бас кун, Мањмуд! Ба љойи ин касофат ба писарат шири махсус харида биёр.
– Ин к;дак шабу рўз гиря мекунад, ма;зи сарамро х;рд!
К;дак дандон мебаровард, сахт гирист. Мањмуди маст ба сари зан мушт кашид.
– Дами сагбачата гир! Р;з дар кор асабам хароб, шаб аз гиряи ин! – Дод зада к;дакро бо гањворааш бо пой тела додан хост, Зебо сари ваќт танашро сипар кард. – Як кўдака хап даронда наметавонї?
– Модаратон њам гуфтанд–ку, ваќти дандонбарорї њама кўдак гирёнчак мешавад. Шумо њам...
– Дамата гир! К;даката гум кун!
– Писари худатон, куљо меравад? Ба ;ойи кумак кардан дод зада бедор мекунед!?
– Э, бас! Дукаса рўзи маро сиёњ кардед!   
Занашро кўфт. Модар омада, писарашро насињат кард. Ба келин њам эрод гирифт:
– Бачаро нигоњубин карда наметавонї! Ба њавои тоза барор. Мон шавњарат камтар хоб равад, пагоњ рўзи дароз кор мекунад.
– Дигар рўзњо мебаровардам, лекин имрўз, охир, таб дорад. Ду шаб аст худам хоб накардам…
– Дору хар, кўдакро табобат бикун!
– Аптекачї дору надод, гуфт, ки аввал 100 сомонї ќарза те. Пулаша дињед охир.
– Гап нагардон, – асабї шуд хушдоман. – Ба сари ман дод назан.
– Э, ту ;аёти маро с;зондї! – аламашро ба сари Зебо фурў рехт Мањмуд.
– Ман сўзондам, ё шумо?
– Э, њаёти туро барваќт сўзонда буданд! – гуфт Зарина.
– Шумо ваъда додед, ки ба ёд намеоред, – дилашро дошта гила кард Зебо.
Шаби нањсе буд, ки њама хаставу асабонї буданд. Њеч кас тан додан намехост.
– Бас! Ба очам гап нагардон!
– Бо њамон нархарат гаштан мегирифтї, бачаи мана гаранг намекардї.
– Вий… Шумо хостед. Ба ман чї лозим буд оиладорї, кўдакбонї. Бењтараш, ба Россия мерафтам. 
– Њамроњи Ањад–а? Шояд бача њам аз вай бошад?
– Не, бача аз шумо.
–Гум шав ба назди Ањад бо ;амин к;дакат! Се тало;!..
Дигар мантиќи гап гум шуд. Зебо аз њуш рафт.

Суб; Мањмуд хоб буд, Зебо бо чашмони аз гиря ва бехобї варамкарда кўдакро ба аробачааш љой дода, бо хушдоман хайрухуш кард. Худи Зарина чанд сол пеш бо Мањмуди кўчак дар кўча монда буд. Суд онњоро дар хонаи шавњар маскун намуд. Оќибат, хона аз ў шуд. Бинобар ин, дар андеша монда буд.
– Куљо меравї?
Зебо навмедона китф дарњам кашид.
– Кори намешудагї шуд. Талоќата дод. Лекин ба хотири набераам њамин љо мон. Ба њеч кас аз ин ин бобат гап назан. Лекин Мањмуд барои ту пул ёфта наметавонад. Худат кор карда нон меёвї.
– Дар куљо? Ман ягон ихтисос надорам. Магар ба ошхона…
– Не, он љо сирро руст карда намешавад, мефањманд. Ин либос;оро мону либоси шањрї п;ш. Ба одамони серпул хизматгор лозим. Аз эълонњо кор ёфта, ќарз;оятро медињї.
– Хуб…
Зарина бо телефони худаш кор љуста пайдо кард:
– Њафтае ду рўз кор. Рўзаш сад сомонї. Номаш Љоник, ду кўча поинтар будааст. Боз сета њамин хел кор ёвї, рўзат мегузарад.   
Хонаи корфарморо кофта ёфт. Марди мењрубону дасткушод будааст. Гуфт, ки аксари корро худаш кардааст.
– Имрўз ба ту ду кор монд – баъди ду–се соат либосњои шуштаам хушк шавад, онњоро утї мекунї. Њоло њамроњ таъом мехўрем, бишин. – Зебо њайрон монд. Ў бо њазл илова кард. – Не гўйї, шартномаро ќатъ мекунем. – Як пора гўштро ба табаќчаи ў гузошт. Кола рехт.
Зебо иштињо надошт, дилашро эњсоси ногуворе фаро гирифт. Танњо каме кола нўшид.
– Ба кори иловагї алоњида пул медињам. – Мусиќиро баланд кард. – Барои њамроњ нишастан, барои раќс…
Зебо њайрон монд, худро дар дуро;аи номус ва ;арздор; эњсос кард. Оромона рад карда, гуфт, ки аз бемории писараш дилаш зиќ аст. Мард пули муолиљаи кўдакро њам ваъда дод. Зебо гуфт, ки шавњар дорад. Мард афсўс хўрд, ки шавњари ношуд ўро бо кўдакаш бе нон мондааст. Љоник афсари мустаъфї, аз илми њуќуќ бохабар буд. Чанд истилоњро ном гирифта, шарњ дод:
– Ту аслан, Виктим – ќурбонии бегуноњ њастї. Victima – ќурбонї. Ин натиљаи бо зўроварї, зарбаи равонї, шароити иљтимої ба ќурбонї табдил додани инсон аст. Виктимблэйминг – ќурбонии дубора – зарбаи равонї пас аз ќурбонї гунањгоркунї аз љониби ањли љомеа мебошад. Ту њоло чавонї, вале аллакай ќурбонї шудї. Туро чандин кас азоб додааст, аммо ба касе шикоят кунї, худатро гунањгор мекунанд. Мегўянд айби худат. Ё не? 
– Ннн–намедонам…
Зебо таги гапи ўро фањмид. Ба дилаш сахт расид. Аммо худро ба нодонї зада, рафтан хост. Љоник бо нармї гуфт.
– Ман вазифадорам туро аз њолати ќурбонї барорам. – Ў ба љайби курткаи зан пул гузошт. – Ин ними њаќќи корат. Ин гўшту шоколадро бар, њамроњи кўдакат хўр. Дертар биё, либосњоро ути мекунї. Таклифи маро фикр бикун. Ман туро хор шудан намемонам…
Зебо мисли тир аз камон љаста бо чашми ашкбор баромад. Мард фурсат наёфт, ки таомро ба ў дињад. Рафт, ки ба хушдоманаш шикоят кунад. Вале шарм дошт. Пули ба кисааш андохтаи корфарморо чун лахчаи сўзон ба даст гирифт. Каме ором шуд: ба ќарзи дорухона мерасид, боз шири сунъї мегирад.
Зарина кўдакро ба ў дода, фармуд, ки шир дињад.
– Чаро барваќт омадї?
– Гуфт, ки либосњо хушк шавад, омада утї мекунї. Баъди ду соат бояд равам.
– Хуб. Ба ў аз шавњарат гап назан. Ту муљаррадї. Зиндагита пеш бар. Боз кор љустан даркор. Вале дон, барои њамсояњо ту келини ман. Соати панљ бояд дар хона бошї… 
Зани њайрон бо гардани баста рафт. Паси дар хеле истод. Бо изтироб ба худ гуфт: «Ман медонам, ки чаро инљоям. Чї сарсахтам… Номарде дар љавонї фиреб дод. Имрўз худам ба хонаи фиреб меоям».
Бе он, ки Зебо занги дарро пахш кунад, Љоник ўро аз камераи назоратї дида, дарро кушод… 
Зебо корњои дигар ёфт: њавлї мерўфт, либос мешуст, дар як офис каме фаррошї њам кард. Вале хаќќи онњо кам буд. Ба марди шастсолаи дигар њам хидмат кард. Ў талаб намуд, ки никоњ кунанд. Ба Зебо гуфта буданд, ки бо каси дигар никоњ кунад, талоќи додаи шавњараш бекор шуда, њалола мешавад. Аммо то никоњ нарасид. Хешони мўйсафед хабардор шуда, ўро аз он хона ронданд. Бори дигар фањмид, ки бахти осон фаќат орзуст.
Муносибат бо шавњар ва хушдоман таѓйир наёфт. Азбаски хона ду њуљра дошт, ў бо собиќ шавњараш дар як хона, дар як љогањ монд. Чун иљоранишине буд, ки љойи иљорапулї ба хона картошкаву сабзї, биринљу гўшт меовард; рўз дар кўча кор мекард, шом дар хона. Дигар љанљол набуд. Умед дошт, ки аз нав оштї мешаванд. Ба хушдоманаш аз номи пире гуфт, ки агар дар мастї талоќ гуфта бошад, њисоб намешавад. Аммо Зарина рад кард.
– Ту ба њар хару саг сиррата нагўй. Боз гуфт, ки бо ў никоњ кунї, њалола мешавї. Ња? Дар бораи писарам ягон кас ягон чиз нафањмад. Дили вай суст. Гумон доштам, ки ту њолаша сабук мекунї, афсўс… Дили вай ѓаму ташвиш бардошта наметавонад. Мефањмї? Ту хапу дам кор карда, ризќ ёфтана ёд гир, як гап мешавад.      
– Бахшиш… – фањмид – нафањмид, узр хост Зебо.
Умедаш рўзе заъф ёфт, ки бо хоњиши Мањмуд ба бозори «Корвон» рафта, барояш костюм интихоб карданд. Завќи Зебо баланд буд, ба шавњараш либоси мувофиќ ёфта, ўро шод намуд. Як тањпўши занонаро дида гирифтанї шуд. Мањмуд ба гўшаш пастакак гуфт:
– Ман пулаша медињам, дар хона баргардон.
Зебо инро њазл фањмид. Охир дар як хона њастанд. Аммо ба љонаш расонд. Чанд бор такрор кард, ки 30 сомонї дињад. Зебо бо ѓазаб пулро ба рўйи вай партофту як кўрпаро гирифта дар кунљи хона танњо хобид. Мањмуд аз ин парвое накард.
Як шом Зарина аз кор бо як пойпўши зебои бачагона баргашту ба пойи наберааш пўшонд. Шод гашт, ки чени пояш будааст. Чењраи Зебо њам шукуфт. Вале…
– Ба 150 сомонї харидам… 150, – таъкид кард бибии писараш.
– Пулаша дињам? – њайрон шуда пурсид Зебо.
– Наѓз мешавад. То маоши ман њоло ваќт бисёр.
Ў каме пули захираи худро дошт, ки рўзе кор наёбад, аз он истифода мебурд. Њаќи попўширо дод. Зарина хотирљамъ шуд, ки Зебо пулёву нонёв шуд, чун модари фарзанддўстдор набераи ўро хуб нигоњубин мекунад. Азизљон бачаи хушќаду зебо ва аълохон шуд.
Зебо дарк намуд, ки пули њалоли мењнатї баракати бештар дорад. Бо ёрии соњибаи хонаи иљорааш ба дастаи гулпарварони кўчањои шањр љой ёфт. Барои духтарчаи майдахаки дони анор ин кор душвор набуд, аммо зуд хаста мегашт. Њафтае кор кард. Сардори бахш Гулзора Азизї духтари њоли ўро дида, маслињат дод, ки аз ин кори вазнин даст кашаду ба шуъбаи ѓойибонаи омўзишгоњ дохил шавад. Аз њисоби коргоњ ду њафта љавоб дод, ки ба имтињон тайёрї бинад.
Дониши хубе, ки дар наврасї дошт, пас аз њашт соли дур шудан аз тањсил кам гашта, бо холњои дар имтињон гирифтааш танњо ба шуъбаи шартномавї дохил шуда тавонист. Ягон њуљљат надошт, ки ба ў имтиёзашро дода тавонад. Вале дунё баумед. Зебо аз њар навгонї умеди бењбудї меёфт. Агар наѓз кор кунад, пули шартномаро хам пайдо мекунад.
Дар ин байн сардори мењрубон Азизї барои гулпарвари љавони сохибљамол як кори сабук њам пайдо кард. Фаќат аз њашти субњ то панљи шом дар идора нишастан лозим буд, вале маошаш кам. Писараш мустаќилона ба мактаб рафта меомад. Рўзгори нав оѓоз гашт. Аммо сарнавишти шум зарбаи дигари нољавонмардона зад.
Дар ин байн Зарина корро бас кард. Мањсгари хуб њам буд ва як шиносаш ваъда дод, ки дар Маскав кор ёфта медињад. Ва ў… роњи халосї аз келинро љуст. Зеборо чандрўза ба хонаи холааш фиристод. Пас аз ду рўз бо раќамњои телефони Россия занг зада гуфт:
– Мо Маскав омадем. Либосњоят дар хонаи њамсояамон Мадина. Гиру хонаи иљора ёфта шин.
– Чаро бе љо мондед? – Зебо ба њайрат омад. – Набераатонро фикр накардед?
– Моро саросема карданд. Ба Мадина гуфтам, хонаи иљора меёбад. Пул ёфтам, ба ту мефиристам…
Алоќа ќатъ шуд. Зебо њис кард, ки задани дилаш ќатъ шуд…
Агар њоло Љоник мебуд, шояд ин мушкилотро зуд њаллу фасл мекард. Аммо Зебо кайњо кори хонагии ўро бас кард. Духтару љиянњояш пайдо шуда, даъвои хона карданд. Зебо паяшро аз он љо канд. Дертар фањмид, ки Љоник гирифтори сактаи маѓзи сар шуда фавтидааст…   
Њамсоязан Мадина як суроѓа дод. Моње њазору дусад сомонї будааст… Пули ёфтаи Зебо танњо ба хўрокаш мерасид, ба хушдоманаш занг зада, хоњиш кардан хост, ки аќаллан пули якмоњаи иљораро фиристад. Аммо хабар омад, ки ин раќам дар шабака вуљуд надорад. Ин кори хушдоман аз њама фиребњои дигар гузаронд. Зебо худро дар байни замину осон муаллаќ, ќурбонии чандинкарата – Ревиктиматсия, ё Виктимблэйминг дид…
– Кї гунањгор? Худам, ки аз танњої, бетаљрибагї, аз боварї ба инсон ба доми гург – Салим афтодам? Балки модарам, ки маро дар кўдакї партофта рафт? Падарам, ки маро ба ихтиёри холаам дода, дигар пайдо нашуд, умре танњову бечораву бењомї монд?
Ноилољ, пиёда ба хонаи иљора рафт. Хонаи беоро ва холиро дида, дилаш ба кафидан наздик омад. Писараш њама гапро мефањмид. Дасти ўро гирифта болои сараш монд.
– Оча гиря накун. Ман њамроњат њастам. Намемонам касе туро хафа кунад… Савганд мехўрам, калон шавам, хонда, кор мекунаму бароят хона мехарам…
  Зебо дар назди писар худро ба даст гирифт, нолаашро фурў бурд, аммо вай гўё ба дил халида чакра–чакра хунашро мерехт. 
– Худоё! Њама фанд! Њама фиреб! Њама дард! Чаро, Худољон? Њамсолони ман шоду беѓаманад, вале ман фаќат ашк мерезам. Чаро ман њамеша гунањгор мемонам? Чаро њама мехоњанд аз ятиму бекас будани ман истифода баранд? Макру фиреби мардум поён дорад?!
______________________________________________

Виктимизация (аксаран чун виктимация, аз лотинї victima – ќурбонї) – натиљаи нињоии бо зўроварї, тангкунии молиявї, зарбаи равонї, шароити иљтимої ба ќурбонї табдил додани инсон. Чун истилоњи њуќуќї, љиноятї, љомеашиносї дар доираи илми махсуси виктимология истифода мешавад.
Виктимблэйминг – ќурбонии дубора – зарбаи равонї пас аз ќурбонї гунањгоркунї аз љониби љомеа, ВАО, маќомоти хуќуќї. аз љониби ањли љомеа, муњит.


Рецензии